Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон

Asia-Plus

Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумат дар чанде аз сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи […]

Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумат дар чанде аз сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Савзаали Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шуда, Шерализода Муҳамадулло Умар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд.

Бо қарори ҳукумат, Миралӣ Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Қудрат Давлатзода аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шуда, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Диловар Пирназарзода муовини аввали ӯ таъин шуд. Шукрулло Хайрзода ректори нави Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуд.

Шамсулло Абдуллозода аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод карда шуда, Рустам Мирализода ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин бо амри Президенти Тоҷмикистон Алимурод Маҳмадализода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.