Тоҷикистону Ӯзбекистон самтҳои ҳамкории минбаъдаро муайян карданд

Ба масъалаи омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатӣ маҷмӯи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтҳо баррасӣ шуданд. Ҷаласаҳо таҳти раёсати сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба масъалаи омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатӣ маҷмӯи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтҳо баррасӣ шуданд.

Ҷаласаҳо таҳти раёсати сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов доир гардиданд, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар раванди гуфтушунидҳои баргузоршуда, ҷонибҳо аҳамиятнокии рушди муносибатҳои ду давлати бародарро дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба таври возеҳ таҷассум намуда, дар ҳошияи ҷаласаҳо доираи васеи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии робитаҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.

Қаблан як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон аввали баҳор бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Мавзӯи амалкарди минбаъда ҷиҳати делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва ҳалли масоили марбут ба омадурафт ва будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, ба таври алоҳида матраҳ гардид.

Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои самараноки тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро муайян намуданд.

Изҳори умедворӣ гардид, ки натиҷаҳои музокироти доиршуда омили муҳим дар таъмиқи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегарданд.

Оид ба натиҷаи ҷаласаи комиссияҳо протоколҳои дахлдор имзо гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.