Раиси БМТ вазъи низоми бонкиро «начандон бад» мегӯяд. Фикри президент дигар аст

Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2017 мусбат арзёбӣ мекунад. Президент бошад, низоми бонкии кишварро «боздоранда»-и рушди иқтисод номида буд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зимни ҷаласаи васеъи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ, шуъбаҳои минтақавии БМТ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2017 мусбат арзёбӣ мекунад. Президент бошад, низоми бонкии кишварро «боздоранда»-и рушди иқтисод номида буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зимни ҷаласаи васеъи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ, шуъбаҳои минтақавии БМТ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз зикр гардид, ки ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (қарзҳое, ки зиёда аз 30 рӯз ба таъхир афтодаанд) тамоюли камшавӣ дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба аввали соли равон 37,1 фоизро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 9,7 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки бақияи умумии пасандозҳо 9,2 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ бетағйир мебошад. Пасандозҳо бидуни ду бонки муаммодор («Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк») нисбат ба соли қаблӣ 1 737,3 млн. сомонӣ ё 30,4 фоиз зиёд шудааст, ки дар маҷмӯъ аз афзоиши боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда бошад, бидуни ду бонки муаммодор нисбат ба соли қаблӣ 997,7 млн. сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки соли гузашта низоми бонкӣ зери таъсири омилҳои берунӣ, ки бо идомаёбии буҳронҳои сиёсию молиявӣ дар ҷаҳон алоқаманд мебошанд, фаъолият намуда, сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза ва тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ соли 2017 нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ то андозае мусбат арзёбӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми ҳамасола ба парлумон дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем.

Ӯ қайд кард, ки соли 2017 ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт.

Сарвари давлат шарҳ дод, ки чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.

«Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд», – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро таҳия ва амалӣ намояд.

Президент зикр кард, ки пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 30 ноябри соли 2017 маблағи қариб 9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 464 миллион сомонӣ ё 5 фоиз кам шудаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017 нишон медиҳад, ки ҳаҷми он ба соҳибкории истеҳсолӣ ҳамагӣ 4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 43 фоиз зиёд шудааст.

«Чунин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад», – чунин мешуморад президент.

Дар ин робита сарвари давлат ба БМТ дастур дод, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад.

«Яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад», – илова карда буд он замон Сарвари давлат.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.