Ӯзбекистон бори дигар бо маҳсулоти худ тоҷикистониёнро ба ҳайрат меорад

Аваз Юлдошев

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ин иқдом барои ҳавасмандсозии савдои мутақобила роҳандозӣ шуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар […]

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ин иқдом барои ҳавасмандсозии савдои мутақобила роҳандозӣ шуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе нимаи аввали ҳамин сол ва намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Тошканд нимаи дуюми соли равон баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги бузургмиқёси Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соли 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон соли 2020 низ созиш ҳосил шудаааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Моҳи октябри соли гузашта наздики 150 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро дар маркази «Ӯзэкспоцентр»-и Ӯзбекистн муаррифӣ карданд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, кокрарди металлҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, маводи ғизойӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамчунин соли гузашта бори нахуст тӯли солҳои истиқлолият Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад