Соли 2017 Тоҷикистон 3,9 млрд. доллар савдо кард

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 – 3 млрд. 973 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 1,1 фоиз бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар соли гузашта ба наздики 1,2 млрд. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 […]

Пайрав Чоршанбиев

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 – 3 млрд. 973 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 1,1 фоиз бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар соли гузашта ба наздики 1,2 млрд. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 33,3% (299 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар дар як сол ба маблағи зиёда аз 2 млрд. 775 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо соли 2016 – 8,5% (256,3 млн. доллар) камтар аст. Ҳаҷми воридоти моҳона ба ҳисоби миёна дар соли 2017 – 231 млн. долларро ташкил додааст.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 109 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ дошт. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия  936 млн. доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон – 838 млн. долларро ташкил додааст, ки бо Русия ба миқдори 9,7 фоиз коҳиш ёфта, бо Қазоқистон баръакс – 24 фоиз афзудааст.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол бештар бо Чин – 33 фоиз кам шуда, 591 млн. долларро ташкил дод. Афзоиши бештари ҳаҷми муомилот бо Ӯзбекистон – 82 фоиз ба қайд гирифта шуда, ба 126 млн. доллар расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.