Корманди милитсия зери чархи мошини нашъаманд ҳалок шуд

Дар мавзеи пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе корманди Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон зери чархи автомашинаи ронандае, ки дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошт, ҳалок шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ҳодиса шомгоҳон рух дода, зимни манъи автомашинае, ки бо суръати хеле баланд ҳаракат доштааст, он ба […]

Аваз Юлдошев

Дар мавзеи пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе корманди Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон зери чархи автомашинаи ронандае, ки дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошт, ҳалок шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ҳодиса шомгоҳон рух дода, зимни манъи автомашинае, ки бо суръати хеле баланд ҳаракат доштааст, он ба лейтенанти калони милитсия Камолиддин Ҳукуматов бархӯрда, ӯро аз по меафтонад.

«Аз ин зарба корманди милитсия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини 23-солаи пойтахт Отабек Ашӯров ба талаботи манъ кардани нозири БДА итоат накарда, ӯро пахш мекунад. Баъдтар ин ронанда боздошт ва зимни муоинаи тиббӣ ошкор шудааст, ки ӯ дар ҳолати сархушӣ аз маводи нашъаовар автомашинаро идора мекардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.