Эълони беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар соли 2017

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, дар озмуни ниҳоӣ мураббиёни муассисаҳои томактабии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карда, намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун ҳузур надошт. Гуфта мешавад, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун Меҳрангез Исмоилова, […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, дар озмуни ниҳоӣ мураббиёни муассисаҳои томактабии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карда, намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун ҳузур надошт.

Гуфта мешавад, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» дониста шуд. Ба ӯ мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.