Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаи нашрияи «Тоҷикистон»-ро қатъ кард

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – tajikistantimes.tj-ро қатъ кард. Кормандони нашрия мегӯянд, тайи ду рӯзи охир бидуни ҳеҷ огаҳие дастрасӣ ба сомонаро Хадамоти алоқа бастааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, Хадамоти алоқа дар баробари дигар доменҳое аз қабили get.tj, ism.tj, nic.tj, домени tajikistantimes.tj-ро низ ба фурӯш гузоштааст, ҳарчанд нашрия […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – tajikistantimes.tj-ро қатъ кард.

Кормандони нашрия мегӯянд, тайи ду рӯзи охир бидуни ҳеҷ огаҳие дастрасӣ ба сомонаро Хадамоти алоқа бастааст.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, Хадамоти алоқа дар баробари дигар доменҳое аз қабили get.tj, ism.tj, nic.tj, домени tajikistantimes.tj-ро низ ба фурӯш гузоштааст, ҳарчанд нашрия барои ҳуқуқи моликият ба ин домен то соли 2030 маблағашро пардохт кардааст.

Онҳо зикр карданд, ки аз чандин маротиба кӯшишҳо барои фаҳмидани сабабҳои қатъи дастрасӣ ба домени нашрия ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба гурӯҳи расонаҳои «Оила» дохил аст, ки раҳбариашро Шариф Ҳамдампур бар дӯш дорад. Сомонаи tajikistantimes.tj, ки қаблан бо номи pressa.tj фаъолият дошт, аз соли 1999 дар фазои маҷозӣ арзи ҳастӣ намуда, яке аз аввалин сомонаҳои иттилоотии кишвар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.