Коверт: «ИМА минбаъд низ баҳри ҳифзи озодии дину ақоид талош меварзад»

– Гарчанде ки Тоҷикистон дар роҳи фароҳам овардани озодии бештари динӣ гомҳои назаррас гузошта истодааст, аммо тамоюлоти ахир боиси ташвишу нигарониҳои онҳое гаштааст, ки дар соҳаи озодии дин барои ҳамаи мардум масруфи кору фаъолият ҳастанд, – қайд мешавад дар мақолаи Кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бахшида ба Рӯзи озодии дин. Дар мақолаи нашршуда […]

Asia-Plus

– Гарчанде ки Тоҷикистон дар роҳи фароҳам овардани озодии бештари динӣ гомҳои назаррас гузошта истодааст, аммо тамоюлоти ахир боиси ташвишу нигарониҳои онҳое гаштааст, ки дар соҳаи озодии дин барои ҳамаи мардум масруфи кору фаъолият ҳастанд, – қайд мешавад дар мақолаи Кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бахшида ба Рӯзи озодии дин.

Дар мақолаи нашршуда дар сомонаи сафорат зикр мегардад, ки озодии дин яке аз рукнҳои умдаи Амрико ва принсипи асосии демократияи ин кишвар маҳсуб ёфта, Иёлоти Муттаҳида ба ин ақида аст, ки ҳифзи озодии дин аз ҷониби Ҳукумат ба бунёди давлати боз ҳам устувортару босубот мусоидат мекунад.

«Тоҷикистон кишварест, ки марҳилаи гузаришро аз сар гузаронида истодааст ва тадриҷан аз гузаштаи на чандон дури худ, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ қарор дошт, канор меравад. Чуноне ки ёд дорем, дар Иттиҳоди Шўравӣ эҳтиром ба озодии виҷдон дар бисёр соҳаҳои муҳими ҳаёт вуҷуд надошт ва атеизми давлатӣ ҳамчун ақидаи расмии давлат талқин мешуд. Шахсоне, ки ба таври дигар эътиқод ва андеша доштанд, ба фишору маҳдудиятҳо дучор мешуданд», – омадааст дар мақола.

Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, баъзе аз ин тамоюлот аз кӯшишҳои Ҳукумат ҷиҳати пешгирии фаъолияти қонунии гурўҳҳои динии осоишта дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ин тартиб ба шаҳрвандони осоишта пӯшидани либосе, ки инъикосгари эътиқоди мазҳабии шахсии онҳо мебошад, иҷозат дода намешавад, ва инчунин ба шахсони синнашон то 18-сола иштирок кардан дар намозу ибодати ҷамъиятӣ мамнўъ аст. «Мо инчунин аз амалҳои экстремистҳои динӣ изҳори ташвиш мекунем, ки дигаронро маҷбур месозанд, то ба эътиқоди динии онҳо мувофиқат кунанд», – навиштааст ӯ.

Соли 1786, Томас Ҷефферсон, ҳанўз солҳо қабл аз интихоб шуданаш ба мақоми саввумин Президенти ИМА, барои тасвиби Қонун дар бораи озодии дин дар Вирҷиния ҷаҳду талошҳои зиёд карда буд. Ниҳоят, қонуни мазкур, тимсоли намунавии ҳифзи озодии дин дар Конститутсияи ИМА гардид. Ҳар сол 16-уми январ амрикоиҳо бо ҳамроҳии дӯстонашон Рўзи озодии диниро ҷашн гирифта, перомуни муҳимияти озодии афкор, озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ мулоҳиза мекунанд.

«Иёлоти Муттаҳида ба он ақида аст, ки ҳифзи озодиҳои динӣ ба бунёди ҷомеаи боз ҳам босуботтар мусоидат менамояд. Аз ин сабаб, мо минбаъд низ бо ҳамаи шариконамон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон баҳри таҳкими ҳифзи озодии дину ақоид барои ҳамаи мардум ҳамкориро идома хоҳем дод. Мо умедворем, ки кӯшишҳои мо ва кӯшишҳои онҳое, ки ба ин ибтикор мутааҳид ҳастанд, ба тавсеаи озодӣ барои мардум дар қаламрави Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард», – қайд мешавад дар анҷом.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.