Ҳамаи гузаргоҳҳои қаблан басташуда дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешаванд?

Аваз Юлдошев

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 10 январ дар Душанбе, оид ба баргузории машваратҳо миёни мақомоти салоҳиятдори ҳарду кишвар доир ба масъалаи боз кардани ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ. Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, […]

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 10 январ дар Душанбе, оид ба баргузории машваратҳо миёни мақомоти салоҳиятдори ҳарду кишвар доир ба масъалаи боз кардани ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

Айни замон миёни давлатҳо барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ – «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд амал мекунанд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

«Аллакай тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент – Самарқанд ба фаъолият шурӯъ мекунад», – хотиррасон кард манбаъ аз ҳукумат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст