Шаҳрванди Чинро дар Суғд ғорат карданд

Шаҳрванди 58-солаи Чин бо аризаи мавриди ғорат қарор гирифтанаш ба Шуъбаи ВКД шаҳри Гулистони вилояти Суғд муроҷиат кардааст. Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, тибқи ариза шаби 13 январ шахсони номаълум пинҳонӣ ба ҳуҷраи ӯ дар хобгоҳи шаҳраки Зарнисор ворид шуда, 8430 сомонӣ пули нақд, планшет ва 3 телефони мобилиро ба маблағи […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Шаҳрванди 58-солаи Чин бо аризаи мавриди ғорат қарор гирифтанаш ба Шуъбаи ВКД шаҳри Гулистони вилояти Суғд муроҷиат кардааст.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, тибқи ариза шаби 13 январ шахсони номаълум пинҳонӣ ба ҳуҷраи ӯ дар хобгоҳи шаҳраки Зарнисор ворид шуда, 8430 сомонӣ пули нақд, планшет ва 3 телефони мобилиро ба маблағи умумии 10 ҳазор 770 сомонӣ дуздидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 21-солаи ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.