Тӯли як сол музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 10,7 фоиз афзуд

Пайрав Чоршанбиев

Музди миёнаи номиналии меҳнат дар Тоҷикистон тайи соли охир 10,7 фоиз ё худ ба маблағи 114 сомонӣ афзуд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ,  моҳи ноябри соли 2017 музди миёнаи номиналии меҳнат 1 ҳазору 147 сомонӣ (ҳамин давраи соли 2016 – 1 ҳазору 60 сомонӣ)-ро ташкил дода буд. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон […]

Музди миёнаи номиналии меҳнат дар Тоҷикистон тайи соли охир 10,7 фоиз ё худ ба маблағи 114 сомонӣ афзуд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ,  моҳи ноябри соли 2017 музди миёнаи номиналии меҳнат 1 ҳазору 147 сомонӣ (ҳамин давраи соли 2016 – 1 ҳазору 60 сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

Моҳи ноябри соли гузашта музди меҳнати пасттарин дар соҳаи воқеии иқтисод дар бахшҳои кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал – 523 сомонӣ ва баландтарин – 2 ҳазору 214 сомонӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва коркарди конҳо ба қайд гирифта шуд.

Моҳи ноябри соли 2017 музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисод дар маҷмӯъ 1 ҳазору 437 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2016 – 1,4 баробар зиёдтар аст.

Дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати аз ҳама баландтаринро дар моҳи ноябри соли гузашта кормандони ниҳодҳои миёнаравии молӣ гирифтаанд, ки ба 2 ҳазору 926 сомонӣ баробар аст. Дар маҷмӯъ музди миёнаи меҳнат дар бахши хизматрасонӣ моҳи ноябри соли 2017 – 1 ҳазору 103 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 – 4,2 фоиз зиёд аст.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод изҳор доштааст, ки дар муқоиса бо соли 2016,  ҳаҷми ММД ба ҳар як сари аҳолӣ соли 2017 – 12 фоиз афзуда, даромади аҳолӣ 10 фоиз зиёд шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.