Аз масҷидҳои Тоҷикистон ҳисоботи даромад талаб мешавад

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Масҷид, калисо, каниса ва ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки дар бораи даромад ва молу мулку пулҳои кормандонашон ба мақомот гузориш бидиҳанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гузориш додан аз дороиҳои масҷиду калисоҳо бар пояи банди нави қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон” ҳатмӣ шуд. Бо пешниҳоди […]

Масҷид, калисо, каниса ва ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки дар бораи даромад ва молу мулку пулҳои кормандонашон ба мақомот гузориш бидиҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гузориш додан аз дороиҳои масҷиду калисоҳо бар пояи банди нави қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон” ҳатмӣ шуд. Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба ин қонун як зумра тағйиру иловаҳои нав ворид шуд ва бо нашри матни он дар матбуоти расмӣ аз 22-уми январ, ба ҳукми иҷро даромад.

Тағйирот аз ҷумла ба модаи 19-уми ин қонун ворид шудааст, ки дар он масҷидҳо муваззаф шудаанд “…дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯи молу мулк, хароҷоти маблағҳо ва молу мулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигари зарурӣ”, ба мақомот маълумот бидиҳанд.

Даромади масҷид — ибодатгоҳи пайравони дини Ислом, ҳамчунин даромади муассисаҳои динии дигари мисли калисо ва каниса аз ҳисоби маблағҳои хайрияи ибодаткунандагон аст. Ҳамчунон дар ҷомеаи умдатан суннатии Тоҷикистон имом ва имомхатибони масҷидҳо дар маросими азо, таваллуди фарзанд ва никоҳ низ ширкат варзида расму оинҳои диниро иҷро мекунанд. Ба хотири иштирок дар чунин маросим эътиқодмандон ба онҳо як миқдор маблағ низ медиҳанд.

Айни замон, ҳукумат аз моҳи феврали соли 2014 ба имомхатибони масҷидҳои расман сабтиномшуда аз ҳисоби будҷаи кишвар маош таъин кард. Он сол бо судури як қарор ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода маоши баробар ба 2000 сомонӣ ва ба сархатибони масҷидҳои ҷомеъ 1500 ва ба имомхатибони масҷидҳои панҷвақта 800 сомонӣ маош муқаррар шуд.

Ин тасмими ҳукумат он замон ба мухолифати бархе аз ақшори ҷомеа рӯбарӯ шуд, ки мегуфтанд, Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва умури дин аз давлат ҷудо эътироф шудааст. Мунаққидон мегуфтанд, ки таъини маош аз ҳисоби давлат назорат бар умури динро ҳам бештар мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.