Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар АМА

Дар Аморати Шарҷа бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид, ки то 25 январ идома меёбад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии […]

Asia-Plus

Дар Аморати Шарҷа бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид, ки то 25 январ идома меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, маросими ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор гардида, ба он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ва Консули генералӣ дар Дубай Б.Сафарзода бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар ҳафтаи ҳунарӣ ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд.

Дастаи ҳаваскорону мутрибони ансамбли фолклории “Помир” ва ансамбли рақсии “Базморо” баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар чорабинии мазкур анвоъи гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла Оши палов, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.