Тафтиши дубораи ҳодисаи таркиш дар бинои ШВКД Қӯрғонтеппа

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳодисаи таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД шаҳри Қӯрғонтеппаро дубора мавриди тафтиш қарор медиҳад. Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қаблан ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди тафтиш қарор гирифта буд. Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳодисаи таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД шаҳри Қӯрғонтеппаро дубора мавриди тафтиш қарор медиҳад.

Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қаблан ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди тафтиш қарор гирифта буд.

Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳодисаи нохуш номида буд.

«Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи натиҷаҳои санҷиш оғози парвандаи ҷиноиро рад кард. Прокуратураи вилоят ҳафтаи гузашта аз рӯи ин парванда ҳисобот талаб карда, қарори прокуратураи шаҳрро бекор ва санҷишро дубора барқарор намуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли прокурор, минбаъд прокуратураи вилоят ба баррасии ин парванда машғул шуда, айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел ва тафтиши дигар ҳолатҳои марбут ба ҳодисаи мазкур баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми санаи 1 декабр дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа таркиш рух дода, бар асари он муфаттиши навбатдори шуъба капитан Муҳиддин Зоҳидзода ҳалок шуд.

 Дар робита ба ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони ВКД ва мақомоти прокууратура гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, ин гурӯҳ ба таҳқиқ ва ошкор кардани ҳолатҳои марбут ба таркиш вазифадор гардид.

Зикр гардида буд, ки таркиш замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии маводи тарканда, ки аз ҷониби кормандони шуъба ҷамъоварӣ шудаанд, ба вуқӯъ пайваст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.