Аълочӣ ва ҷавони хуб: ҳеҷ сабаби худро паррондан набуд

Корманди милитсияи шаҳри Исфара, ки худашро парронид, дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказии шаҳр бистарӣ аст. Тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, корманди милитсия Саъдӣ Соҳибзода ном дошта, на 30-сола, балки 24-сола буда, зодаи Ҳисор мебошад. Соли 2017 Академияи ВКД Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм карда, моҳи сентябри соли 2017 ҷиҳати кор ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Корманди милитсияи шаҳри Исфара, ки худашро парронид, дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказии шаҳр бистарӣ аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, корманди милитсия Саъдӣ Соҳибзода ном дошта, на 30-сола, балки 24-сола буда, зодаи Ҳисор мебошад. Соли 2017 Академияи ВКД Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм карда, моҳи сентябри соли 2017 ҷиҳати кор ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД Исфара-1 фиристода мешавад. Оиладор нест.

Ҳамсабақаш, ки низ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад, ба «Азия-Плюс» гуфт, замони таҳсил Саъдӣ донишҷӯи хеле муваффақ ва намунаи ибрати дигарон буд.

«Ӯ сардори гурӯҳи мо ё ба истилоҳи ҳарбӣ фармондеҳи взвод буд, таҳсилро бо дипломи сурх хатм кард. Чанде пеш мо ба аёдати ӯ рафтем, лекин моро нагузоштанд, ки ӯро бинем», – илова кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, сабабҳои ба ин амал даст задани корманди ҷавони милитсия низ алҳол маълум нест.

Хабарнигори мо дирӯз ба шаҳри Исфара рафт. Дар бемористон ба ӯ дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надода, танҳо зикр кардаанд, ки маълумот дар бораи ин масъаларо аз Раёсати ВКД-и вилоят дастрас кардан имконпазир аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.