Нобовар Чаноров: «Аз андоз ягон қарзе надорам»

Asia-Plus

Овозхони маъруфи тоҷик Нобовар Чаноров доир ба шомил гардиданаш ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз аз ҷониби Кумитаи андоз норозигӣ изҳор намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» худи сароянда хабар дод, ӯ саривақт ва ҳар моҳ маблағи патентро барои амалисозии фаъолияти худ пурра пардохт мекунад. «Хеле нороҳатам, ки маро ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз […]

Овозхони маъруфи тоҷик Нобовар Чаноров доир ба шомил гардиданаш ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз аз ҷониби Кумитаи андоз норозигӣ изҳор намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» худи сароянда хабар дод, ӯ саривақт ва ҳар моҳ маблағи патентро барои амалисозии фаъолияти худ пурра пардохт мекунад.

«Хеле нороҳатам, ки маро ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз дохил кардаанд. Ман ҳамеша саривақт маблағи патентамро пардохт мекунам. Бори охир онро санаи 26 декабри соли гузашта пардохта будам. Маблағи навбатиро барои моҳи январи соли равон ду рӯзи наздик пардохт хоҳам кард. Аз ин рӯ, аз пардохти андоз ягон қарзе надорам», – илова намуд сароянда.

Ёдрас мекунем, ки дар газетаи соҳавии Кумитаи андоз «Боҷу хироҷ» аз 18 январи соли ҷорӣ Нобовар Чаноров дар қатори боз 102 нафар овозхони дигар ба саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор мешавад.

Дар мавод зикр мегардад, ки «аксарияти ҳунармандон бино бар маърифати пасти андозсупориашон бо баҳонаҳои фаъолият намудан дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, роҳбарӣ намудани гурӯҳҳои алоҳидаи фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок намудан дар чорабиниҳои давлатӣ аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ намуда, бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул мебошанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.