Рейтинг: Тоҷикистон кишвари бештар моил ба диндорӣ дар Осиёи Марказӣ

Нашрияи The Telegraph-и Британияи Кабир харитаи диндорӣ миёни кишварҳои ҷаҳонро ба чоп расонид, хабар медиҳад CA-News. Бино ба маълумоти нашрия, рейтинг ба маълумоти назарпурсиҳои WIN/Gallup International дар солҳои 2008, 2009 ва 2015 асос ёфта, дар он пурсидашудагон ба саволи «оё шумо диндоред» посух гуфтанд. Дар ин рейтинг доир ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти зерин […]

Asia-Plus

Нашрияи The Telegraph-и Британияи Кабир харитаи диндорӣ миёни кишварҳои ҷаҳонро ба чоп расонид, хабар медиҳад CA-News.

Бино ба маълумоти нашрия, рейтинг ба маълумоти назарпурсиҳои WIN/Gallup International дар солҳои 2008, 2009 ва 2015 асос ёфта, дар он пурсидашудагон ба саволи «оё шумо диндоред» посух гуфтанд.

Дар ин рейтинг доир ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти зерин дода мешавад: дар Тоҷикистон 85%, Туркманистон – 80%, Қирғизистон – 72%, Қазоқистон – 64% ва Ӯзбекистон – 51%-и аҳолӣ худро одамони диндор мешуморанд.

Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, минтақаҳои аз ҳама бештар моил ба диндорӣ Африқо ва Шарқи Наздик дониста шуда, Эфиопия, Малави, Нигерия, Шри-Ланка ва Яман дар панҷгонаи аввали кишварҳои бештар диндор шомиланд.

Миёни кишварҳои Аврупо Лаҳистон (Полша) дар мақоми аввал қарор дорад, ки 86%-и аҳолиаш худро диндор мешуморанд. Ин нишондиҳанда дар Украина – 73%, Русия – 70%, Латвия – 40% ва Литва – 42%-ро ташкил медиҳад.

Ба сафи кишварҳои нисбатан камтар моил ба диндорӣ Чин (7%), Япония (13%), Эстония (16%), Шветсия (19%), Норвегия (21%) ва Чехия (23% ) дохил шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.