Тӯли се рӯз обуҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад

АМИТ «Ховар»

Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии  вазъи обу ҳаво дар назар аст. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тӯли ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои […]

Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии  вазъи обу ҳаво дар назар аст.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тӯли ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои 29-30 январ шабона то 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ пешбинӣ мешавад. Рӯзҳои 28-29 январ дар ин ҷойҳо бориши сахти барф ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод то 18-23 м дар як сония дар назар аст.

«Албатта, боридани барф гарчанде дар вилояти Суғд ниҳоят суст пешгӯӣ карда мешавад, вале рӯзҳои 28-29 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон эҳтимолияти каму беш шиддат гирифтани бориши барф дар назар аст. 30 январ  боришот қатъ гардида, вале сардии ҳаво нисбатан боқӣ хоҳад монд»,-гуфтааст сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентӣ Ҷамила Байдуллоева.

Зикр мегардад, ки дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд.

Тавсия дода шудааст, ки ҳамчунин бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва тай кардани ағбаҳо, пеш аз сафар мошини худро аз назорати техникӣ гузаронанд, чархҳои тобистонаро ҳатман бо чархҳои зимистона иваз намоянд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масофаи таъйиншударо риоя намоянд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ зикр намудааст, дар ин рӯзҳо шаҳрвандон мувофиқи имкон бояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии  ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ варзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.