Идомаи поинравии нархи хона дар Душанбе. Кай харидани он қулай аст?

Asia-Plus

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сабаби аслии поинравии нархи хонаҳоро тайи солҳои охир дар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар ҷумҳурӣ мебинанд. Яке аз намояндагони ширкатҳои риелторӣ Давронбек мегӯяд, чанд сол пеш 1 метри мураббаъи манзил дар маркази пойтахт 800-1300 доллар нарх дошта, ҳозир вобаста ба ноҳия арзиши он 350-800 долларро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти КВД […]

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сабаби аслии поинравии нархи хонаҳоро тайи солҳои охир дар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар ҷумҳурӣ мебинанд.

Яке аз намояндагони ширкатҳои риелторӣ Давронбек мегӯяд, чанд сол пеш 1 метри мураббаъи манзил дар маркази пойтахт 800-1300 доллар нарх дошта, ҳозир вобаста ба ноҳия арзиши он 350-800 долларро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти КВД «Маркази ташаккули нарх дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, соли 2017 нархи як метри мураббаъи манзил дар Душанбе 350-500 долларро ташкил додааст.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 8,1% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 дар вилояти Суғд – наздики 465 ҳазор, вилояти Хатлон – 268 ҳазор, шаҳри Душанбе – 195 ҳазор, ноҳияи тобеи марказ – 149 ҳазор ва ВМКБ – 44 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ сурат гирифта, аҳолӣ дар он ҳиссаи назаррас дорад: соли 2017 аҳолӣ дар майдони умумии 854 ҳазор метри мураббаъ манзил бунёд кардааст, ки ба 76 фоиз аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода мегӯяд, қаблан масолеҳи сохтмон аз хориҷи кишвар ворид гардида, арзиши он баланд буд, акнун бошад, масалан семент дар дохили кишвар истеҳсол ва ҳатто содирот мешавад.

«Мо танҳо арматураи истеҳсоли худӣ надорем. Агар истеҳсоли он ҳам роҳандозӣ шавад, нархи манзил боз ҳам дастрастар мешавад», – иброз дошт номбурда.

Аммо коршиноси соҳаи сохтмон Алӣ Аҳмадов бар ин назар аст, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сементу хишт дар дохили кишвар ба поинравии нархи манзил  мусоидат карда бошад ҳам, сабаби дигари муҳим коҳиши интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия мебошад, ки ба пастшавии қобилияти харидории аҳолӣ боис гардид.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ Сафар Саидов, солҳои оянда нархҳо боз поинтар рафта, ояндаи наздик шояд вақти қулайтарин барои харидани хона дар пойтахт бошад. Албатта, ба касоне, ки барои ин пул доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст