Шумори фавтидагон аз амали террористӣ дар Кобул ба 103 нафар расид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум  бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ин хабари даҳшатнок «боиси андуҳи беандозаи мо гардида, ҳамдардиву тасаллияти амиқи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум  бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ин хабари даҳшатнок «боиси андуҳи беандозаи мо гардида, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор менамоям ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Рӯзи 27 январ дар маркази шаҳри Кобул, ки дар ин мавзеъ биноҳои ҳукумат, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва мағозаву фурӯшгоҳҳо воқеъ мебошанд, таркиш ба амал омад.

Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, ҷангии ин амалро содиркарда аз автомашинаи «ёрии таъҷилии тиббӣ» истифода кардааст, то ки бо он гузаргоҳҳои назоратиро убур намуда, таркиш анҷом диҳад.

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Вайс Бармак иттилоъ додааст, ки шумори фавтидагон аз ин амали террористӣ ба 103 нафар расида, 235 нафар, аз ҷумла беш аз 30 афсари пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, масъулияти содир кардани ин амали даҳшатнокро гурӯҳи террористии «Толибон» ба дӯш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ВКД Афғонистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ба таркиш гурӯҳи «Шабакаи Ҳоқонӣ», ки бо Толибон робита зич дорад, низ шояд даст дошта бошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта ҷангиёни ҳаракати Толибон ба меҳмонхонаи InterContinental дар Кобул ҳамла карда, дар натиҷа беш аз 20 нафар ҳалок шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.