Робитаи Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони вилоят тариқи Viber

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Сокинони вилояти Суғд бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода акнун метавонанд тариқи мессенҷери Viber дар робита шаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин робита хабар доданд, Viber бо рақами 92-649-77-77 ба қайд гирифта шуда, маълумоти ба ин рақам ирсолшуда бевосита ба раиси вилоят мерасад. Дар хабари дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин […]

Сокинони вилояти Суғд бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода акнун метавонанд тариқи мессенҷери Viber дар робита шаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин робита хабар доданд, Viber бо рақами 92-649-77-77 ба қайд гирифта шуда, маълумоти ба ин рақам ирсолшуда бевосита ба раиси вилоят мерасад.

Дар хабари дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин робита қайд мешавад, ки раҳбарияти вилояти Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

«Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ба роҳбарияти вилоят ирсол намоянд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.