Кумаки Чин ба мактаби Данғара дар таъмин бо оби нӯшокӣ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврал баимзорасида дар бораи кумак ба амалисозии лоиҳаи таъмини об ба як мактаби ноҳияи Дағараро ба имзо расонид. «Дар доираи амалисозии ин лоиҳа ҳукумати Чин барои таъмини оби нӯшокӣ ба мактаби деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати Корез ба сифати кумаки техникӣ 12,5 млн. юан (17,3 млн. сомонӣ) маблағ ҷудо мекунад», […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврал баимзорасида дар бораи кумак ба амалисозии лоиҳаи таъмини об ба як мактаби ноҳияи Дағараро ба имзо расонид.

«Дар доираи амалисозии ин лоиҳа ҳукумати Чин барои таъмини оби нӯшокӣ ба мактаби деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати Корез ба сифати кумаки техникӣ 12,5 млн. юан (17,3 млн. сомонӣ) маблағ ҷудо мекунад», – гуфт дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи ӯ, ба кашидани хати қубури масофааш 5 км ва сохтмони обанбор 7 мутахассисони Чин ва 25 коргари тоҷик машғул шуда, сохтмони иншоот охири моҳи август ба итмом мерасад.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷониби Чин ба маблағгузории лоиҳа дар муддати як моҳи пас аз тасдиқ шудани созишнома оғоз мекунад.

Мактаби мазкур дар ду баст барои 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, моҳи марти соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Мактаб дорои 22 синф, кабинетҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ, синфҳои омӯзиши ҳунарҳо мебошад, ки бо технологияи муосири замонавӣ муҷаҳҳазанд.

Қобили зикр аст, ки мактаб низ бо маблағгузории Чин ба сифати грант дар ҳаҷми беш аз 17 млн. сомонӣ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...