Сафири Тоҷикистон дар ИМА ба наҳор бо Трамп даъват шуд

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Наҳори дуои миллӣ ё Шоми дуои миллӣ бо ҳузури президенти ИМА Доналд Трамп даъват шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин чорабинӣ наздики 3 ҳазор нафар меҳмонон (сиёсатмадорону тоҷирон, пешвоёни ҷамъиятиву мазҳабӣ) аз 100 кишвари саросари дунё иштирок мекунанд.

Соли гузашта Тоҷикистонро дар ин маърака вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ карда, имсол дар он танҳо сафир ҳузур хоҳад дошт, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷӣ.

Наҳори дуои миллӣ ҳамасола дар Вашингтон бо ҳузури президент панҷшанбеи аввали моҳи феврал доир гардида, ҳадафи он роҳандозии муносибатҳо ва таҳкими ҳусни тафоҳум байни намояндагони бахшҳои гуногуни кишварҳо унвон мешавад.

Фарҳод Салим соли 2014 сафири Тоҷикистон дар ИМА таъин шуда, моҳи май ба президенти вақти ин кишвар Барак Обама эътимоднома супурд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу шашуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".