Идомаи ихроҷи муҳоҷирони қонуншикан аз Тоҷикистон

Соли 2017 барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, нисбати 474 нафар шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 173 нафари онҳо бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Гуфта мешавад, шумори хориҷиёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2016 камтар […]

Наим Халимов

Соли 2017 барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, нисбати 474 нафар шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 173 нафари онҳо бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, шумори хориҷиёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2016 камтар шудааст. Соли 2016 шумори шаҳрвандони аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷшуда 204 нафарро ташкил медод, ки аксарияташон шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо буданд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2017 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 6 ҳазору 645 нафар (соли 2016 – 11 ҳазору 330 нафар) шаҳрвандони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Қайд мешавад, ки ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ иҷозатнома доранд,  31 ҳазору 053 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуданд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 10 ҳазор зиёдтар мебошад.

Дар робита ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолият шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ бошад, соли 2016 муҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Тоҷикистон аз 5 то 3 сол кам карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.