Тақвияти муборизаи муштараки кишварҳои ИДМ зидди ҷиноятҳои муташаккил

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия сафар намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 6-уми […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия сафар намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 6-уми феврали соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишномаи мазкур баргузор гардид.

Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони ИДМ ба Раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳод, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия ба Вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев вогузор гардид.

Мавриди қайд аст, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо муҳимияти чорабинии мазкурро қайд намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.