Боздошти таксирони навбатии маст дар Душанбе

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт таксирони навбатиеро боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот автомашинаро идора мекард. Тавре хадамоти матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ронадаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри» Фирӯз Маҳмудов, ки барои мусофиркашонӣ иҷозатнома дорад, аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт шуд. Зимнан зикр мегардад, […]

Кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт таксирони навбатиеро боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот автомашинаро идора мекард.

Тавре хадамоти матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ронадаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри» Фирӯз Маҳмудов, ки барои мусофиркашонӣ иҷозатнома дорад, аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳафтаи сипаришуда дар роҳҳои мошингарди пойтахи боз ронандагони зерини сархуш аз машрубот боздошт шудаанд:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 470» (рақ./давлатӣ 7281 СВ 01) Фаррух Салимов;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» ( 2299 АТ 03) Маҳмадрасул Исоев;

– ронандаи автомашинаи тамғаи  ВАЗ 21013 (3838 ВА 07) Аҳлиддин Шарипов.

 

 

 

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта кормандони шуъбаи БДА-и пойтахт ду ронандаи нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу маводи мухаддиро боздошт намуда буданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Шуъаби БДА-и пойтахт Мирзо Саидов хабар дода буд, ронандаи троллейбуси хатсайри №1 аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати мастӣ аз шароб ва ронандаи маршруткаи №16 дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт ва ташхиси тиббӣ ин вазъи онҳоро тасдиқ карда буд.

«Ҳарду ронанда аз ҷониби суди дахлдор ҳар кадоме ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуда, аз рӯи қонун бояд дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонигӣ ҷарима пардохт мекарданд, лекин суд ба ин имкон надоштани онҳоро ба инобат гирифта, аз ҷарима озод кард, – қайд карда буд Саидов. – Ҳарду ронанда аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол маҳрум карда шуданд».

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ субҳгоҳон пеш аз ба кор баромадан ҳатман бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.