Қатъи фаъолияти беш аз 30 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2017

Рақобати зиёд ба он боис гардид, ки соли 2017 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 281 субъекти соҳибкорӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз шумори умумии соҳибкороне, ки ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, зиёда аз 28 ҳазору 471 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ […]

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Рақобати зиёд ба он боис гардид, ки соли 2017 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 281 субъекти соҳибкорӣ фаъолияти худро қатъ карданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз шумори умумии соҳибкороне, ки ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, зиёда аз 28 ҳазору 471 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва наздики 1 ҳазору 810 нафарашон – шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Бино ба иттилои раиси Кумита, соли 2017 дар Тоҷикистон 301,3 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият намуданд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 4,4 фоиз зиёдтар аст.

«Сабабҳо зиёданд ва яке аз сабабҳои асосӣ – рақобати зиёд дар бозор аст. Корхонаҳоро боз мекунанд, вале фаъолият карда натавониста, лозим меояд, ки онро банданд. Гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ дар Тоҷикистон идома дорад», – иброз дошт ӯ.

Дар робита ба масъалаҳои андозбандӣ Ҳамрализода қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон мудом дар андешаи чӣ гуна имтиёзҳо пешниҳод кардан ба соҳибкорон мебошад, то ки бахши хусусӣ рушд ёбад.

«Мо аз ҳукумат ҷиҳати ҳалли ин масоил дастур гирифтем. Ман гуфта наметавонам, ки қонунгузории андоз монеъа барои рушд аст. Сабабҳо зиёданд, мо таҳлил мекунем. Барои мо муҳим он аст, ки мушкилоти ҳама ба инобат гирифта шавад – ҳам бахши хусусӣ ва ҳам сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ», – қайд кард вай.

Зимнан зикр гардид, ки баҳри дастгирии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон Барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия шудааст, ки амалисозии он ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.