Дар Душанбе Фестивали «Рӯзҳои Ҷопон» доир мегардад

Иттилоияи расмӣ

Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18 феврали соли 2018 дар Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангии Ҷопон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мешавад. Фестивали мазкур намоиши фарогири фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Кумиати ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии […]

Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18 феврали соли 2018 дар Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангии Ҷопон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мешавад.

Фестивали мазкур намоиши фарогири фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Кумиати ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ, AAR Ҷопон, дафтари Toyota дар Осиёи Марказӣ, Тадж Моторс, Донишгоҳи Руссиву-тоҷикӣ (славянӣ) ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дастгирӣ ёфта даромадаш ройгон ва аз нишондиҳӣ ва намоишҳои мухталифи фарҳангу дастовардҳои Ҷопон иборат ҳаст.

Ҳангоми  чорабинӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба дастгирии шахсони дорои масъулияташон маҳдуд баъзе намоишҳо сурат мегиранд. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷопон фаъолона дар ташкил ва густариши "ҷомеаи фарогир" машғул аст, ки дар он одамони дорои масъулияташон маҳдуд метавонанд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолтар иштирок намоянд.

Муҳтавои “Рӯзҳои Ҷопон”, ки давоми ду рӯз идома меёбанд, аз рӯйдодҳои зайл иборат аст:

“Рӯзҳои Ҷопон” рӯзи шанбе 17 феврал соати 10:00 бо намоиши филми ҷопонӣ “ҳеҷ кас манро назорат намекунад” оғоз меёбад ва ҳамзамон устоди Садо, санъати омодасозии маросими чойтаёркуниро, ки лаҳзаи фориғболӣ ба вуҷуд меоварад, пешниҳод менамояд. 

Дар баробари ин тамоми рӯз дар утоқҳои махсус нишондиҳии Шодо, хаттотии анъанавии ҷопонӣ, озмоиши аробачаҳои маъюби “Монеаро эҳсос намо”, бозиҳои хурди ҷопонӣ ва Оригами, намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғазро наққош пешоҳанг хонума Зухро Бахрололумӣ ва ҷаноби Маҷид Аҳанг муаррифӣ менамоянд, ба марази тамошо вогузор мегарданд. Худи ҳамон ҷо утоқҳое омода мешаванд, ки тамошобин метавонад либоси суннатии ҷопонӣ Юката-ро бипушад ва бо бозичаҳои чӯбини анъанавӣ шиносоӣ пайдо кунад.

Дар нимаи дуввӯми рӯз, аз соати 14:00 маросими кушодашавӣ ва баъд аз он Консерт баргузор мешавад. Консерт аз ҷониби ҳунармандон Гулум Касимбаева аз Қирғизистон, хонума Матлуба Раҳимова аз Тоҷикистон ва ҷаноби Александр Ивашин аз Консерваторияи шахри Маскав пешбинӣ мешавад.

Пас аз консерт ҷаноби Фатҳиддин Замон хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон” таҷрибаи сафари охирини худ ба Ҷопонро ироа менамояд.

Дар рӯзи якшанбе, 18 феврал ҳамвора якчанд чорабинӣ дар идомаи рӯз баргузор хоҳанд гашт. Дар нимаи аввали рӯз ҷавонон аз Фан клуби анимэ мастер класси Косплей намоиш медиҳанд. Ва ҳамзамон консерти найи ҷопонӣ “Шакуҳачӣ” аз ҷониби Александр Ивашин аз Консерваторияи шахри Маскав баргузор хоҳад шуд.

Дар баробари ин дар утоқҳои махсус Шодо, Оригами, бозичаҳои суннатӣ ва Юката ба марази намоиш гузошта мешаванд ва аз ҳозирин даъват мешавад, то дар якҷоягӣ вориди онҳо гарданд.  

Дар нимаи дуввӯми рӯз намоиши ҳунарҳои маъруфи ҳарбзании ҷопонӣ, ки дар маҷмӯъ Будо фестивал ном дорад, Варзишгарон аз Федератсияҳои Айкидо, Каратэ, Сумо, Кудо, Каратэ тамоси кулл, Кёкушинкай – каратэ ва варзишгарони маъюб ба ҳозирин пешниҳод мегардад.

Рӯйдодҳои дурӯзаи “Рӯзҳои Ҷопон” ба сифати имконияти намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон хизмат менамояд ва барои тамошобинон имконияте хубе пайдо мекунад, то дар муҳити воқеӣ аз фарҳангу анананаҳои Чопон ҳаловат баранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...