Ифтитоҳи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Қирғизистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштааст, ки ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфтааст, "ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд". […]

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштааст, ки ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфтааст, "ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд".

Вай иқрор шудааст, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба далели набудани саррофиҳо (нуқтаҳои мубодилаи асъор) маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар "бозори сиёҳ" иваз кунанд. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафта вақте бонку ташкилотҳои қарзӣ кор намекунанд, мубодилаи асъор ҳатто дар шаҳри Хуҷанд ҳам мушкил аст.

​"Бояд ҳамаи марказҳои хидматрасонии ташкилоти қарздиҳӣ на то соати 5, балки то 10 -11-и шаб кор кунанд. Ба ҷуз ин, дари онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар низ бояд 24 соат боз бошад", – илова кардааст Валиев.

Ёдрас мешавад, ки аз соли 2015 ба ин сӯ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро ба бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ дод.

Бо пешниҳоди БМТ барои муомилоти ғайриқонунии асъор ҷазои ҳабс аз 4 то 9 сол ва ҷарима аз 1270 то 1640 нишондиҳаи ҳадди ақал (як нишондиҳанда баробари 50 сомонӣ) таъин гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.