Афзоиши ҳаҷм ва болоравии нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имсол Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистонро ба андозаи 200 млн. кВт/соат афзуда, арзиши онро 3 фоиз боло барад. «Байни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати энергетикии афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) ғайр аз созишномаи дарозмуҳлат оид ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, қарордоди иловагӣ ба имзо расид», – изҳор дошт муовини […]

Имсол Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистонро ба андозаи 200 млн. кВт/соат афзуда, арзиши онро 3 фоиз боло барад.

«Байни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати энергетикии афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) ғайр аз созишномаи дарозмуҳлат оид ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, қарордоди иловагӣ ба имзо расид», – изҳор дошт муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мадумар Асозода зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ба Афғонистон 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, мувофиқи созишномаи баимзорасида барои соли 2018, соли равон ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Таъкид шуд, ки яке аз шартҳои созишномаи дарозмуҳлат, ки то соли 2029 пешбинӣ шудааст, ба андозаи 3 фоиз ҳамасола зиёдшавии тарифи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон аст.

«Бо назардошти ин шарт, имсол арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои Афғонистон 4,11 сентро ташкил хоҳад дод, ки ба фикрам нархи начандон бад аст», – илова кард вай.

Интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар мавсими тобистон, замони дар Тоҷикистон барзиёд аз талабот истеҳсол шудани он сурат мегирад.

Айни замон интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ба хотири коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ амалӣ мешавад.

«Аз 1 октябри соли гузашта ба вилояти Кундузи Афғонистон ҳамагӣ то 50 мегаватт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал ин барои нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад, чунки агар онҳо зери шиддати ҷараёни барқ қарор надошта бошанд, эҳтимоли дуздии онҳо имкон дорад. Ҷониби Афғонистон афзоиши ҳаҷми интиқолро дархост намуд, лекин мо ба онҳо фаҳмонидем, ки ин дархосташонро иҷро карда наметавонем», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 30 январ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.