Собиқ хонандаи як мактаби Флорида 17 нафарро дар мактаб кушт

Дар пайи тирандозӣ дар як мактаб дар ҷануби иёлати Флоридаи Амрико ҳадди ақал 17 нафар кушта шудаанд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомҳои амрикоӣ аз боздошти ҳамлавари 19-сола, талабаи собиқи ҳамин мактаб хабар додаанд. Гуфта мешавад, мақомоти пулис изҳор дотаанд, ки ҷасадҳои бархе аз кушташудаҳо ба бемористон интиқол ёфта, тибқи гузоришҳо ҳудуди 20 тани дигар […]

Радиои Озодӣ,

Дар пайи тирандозӣ дар як мактаб дар ҷануби иёлати Флоридаи Амрико ҳадди ақал 17 нафар кушта шудаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомҳои амрикоӣ аз боздошти ҳамлавари 19-сола, талабаи собиқи ҳамин мактаб хабар додаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти пулис изҳор дотаанд, ки ҷасадҳои бархе аз кушташудаҳо ба бемористон интиқол ёфта, тибқи гузоришҳо ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

Николас Круз, фарде, ки ба талабаҳои мактаб ҳамла кардааст, қаблан "ба сабабҳои интизомӣ" аз мактабе, ки ба он ҳамла кардааст, ихроҷ шуда буд. Бинобар гузоришҳо, ӯ чанд соат пас аз тирандозӣ, бидуни муқовимат худро ба пулис таслим кардааст.

Скотт Израэл, раиси пулиси Брауард гуфтааст, ҳамлавар ҳадди ақал як мил силоҳи AR-15 ва чанд тирдон бо худ доштааст. AR-15 силоҳи автоматӣ ва сабук аст. Дар Амрико фурӯши он бар асоси қонунҳо ба шаҳрвандони ғайринизомӣ иҷозат дода шудааст.

Доналд Трамп, президенти Амрико дар паёме дар "Твиттер"-и худ ба наздикон ва осебдидагон ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфтааст, "ҳеҷ кӯдак, омӯзгор ва ҳеҷ фарди дигаре набояд дар мактабҳои Амрико эҳсоси ноамнӣ кунад."

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.