Агентии зиддифасод: Парвандаи Низомхон Ҷӯраев дар суд ва худаш ҷустуҷӯ мешавад

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз шоҳидони асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов ба баррасии суд дода шудааст. Муовини роҳбари Агентии зиддифасод Илёс Идрисзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши қисмати дигари парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бинобар […]

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз шоҳидони асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов ба баррасии суд дода шудааст.

Муовини роҳбари Агентии зиддифасод Илёс Идрисзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши қисмати дигари парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бинобар сабаби бедарак шуданаш охири моҳи июни соли 2014 боздошта шудааст. Ғайр аз ин, парвандаи ҷиноӣ нисбати чанде аз ҳаммаслакони ӯ мавриди тафтиш қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, Идрисзода ному насаби ҳаммаслакони Ҷӯраевро ифшо накард.

Ӯ таъкид дошт, ки Низомхон Ҷӯраеви соли 2014 бедаракшуда то имрӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад ва айни замон дар куҷо будани ӯро на адвокаташ медонаду на суд ва на хешовандону наздиконаш.

«Бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла тариқи ВАО низ мо дар бораи макони будубоши Ҷӯраев маълумот мегирем, саҳеҳияти онро месанҷем, вале дар ин бора маълумоти дақиқ надорем», – қайд кард Идрисзода.

Қобили зикр аст, ки Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, замони таҳти назорати Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қарор доштанаш ба таври мармуз бедарак шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.

Санаи 23-юми июни соли 2014 Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев  мавриди ҷустуҷӯ  эълон шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.