Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд тарма мошинҳоро пахш кард

Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд имрӯз хеле зиёд барф борида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо ин роҳ хатарнок шудааст. Субҳи имрӯз ин ҷо ду тарма фаромада, якеаш ду мошинро пахш кард. Ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ки дар километри 71-уми роҳ навбатдорӣ мекунанд, муяссар шудааст, ки саривақт онҳоро наҷот диҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон […]

Asia-Plus

Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд имрӯз хеле зиёд барф борида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо ин роҳ хатарнок шудааст. Субҳи имрӯз ин ҷо ду тарма фаромада, якеаш ду мошинро пахш кард. Ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ки дар километри 71-уми роҳ навбатдорӣ мекунанд, муяссар шудааст, ки саривақт онҳоро наҷот диҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки то дастури махсус аз сафар бо ин роҳ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш худдорӣ кунанд.

«Имрӯз наҷотдиҳандагон саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, 7 нафаро наҷот доданд, ки мошинашон зери тарма монда буд. Ҳодиса дар километри 69-уми роҳ рух дод. Айни замон роҳ барфпӯш буда, хатари тармафароиҳо вуҷуд дорад», – хабар доданд аз Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки дар роҳи Душанбе – Хоруғ низ хатари тармафароиҳо вуҷуд дошта, ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки то мусоид шудани обуҳаво, аз сафар бо ин роҳ низ алҳол худдорӣ кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.