Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баъди пленуми ҳизби ҳоким доир мегардад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки оғозаш субҳи имрӯз пешбинӣ шуда буд, нимаи дуюми рӯз баргузор мешавад. Субҳи имрӯз ба ҷойи иҷлосияи 14-уми пешбинишудаи палатаи болоии парлумон Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷаласаи навбатии ин ҳизбро баргузор мекунад. Дар пленум, ки бо иштироки раҳбарияти ҳизб, […]

Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки оғозаш субҳи имрӯз пешбинӣ шуда буд, нимаи дуюми рӯз баргузор мешавад.

Субҳи имрӯз ба ҷойи иҷлосияи 14-уми пешбинишудаи палатаи болоии парлумон Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷаласаи навбатии ин ҳизбро баргузор мекунад.

Дар пленум, ки бо иштироки раҳбарияти ҳизб, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, раисони ҳарду палатаи парлумон, аксарияти аъзои ҳукумат доир мегардад, аз фаъолияти ҲХДТ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ.

Зимнан қайд шуд, ки дар кори пленум ба масъалаи кор бо аҳолӣ дар самти пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти КИМ ҲХДТ, наздики 40 фоизи аъзои ҳизб ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баъди анҷоми кори пленуми ҲХДТ, соати 15:00 ба кор шурӯъ мекунад. Вакилон пешниҳодҳои президент доир ба ивази номи чанде аз шаҳру навоҳӣ ва маҳалалҳои аҳолинишин, аз ҷумла Қӯрғонтеппа ва Сарбандро баррасӣ мекунанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони кишвар.

Ғайр аз ин, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баррасии қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйирту илова ба Кодекси андози ҶТ», «Дар бораи зироати ғалладона ва маҳсулоти кокрарди он», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ва қонуни ҶТ «Дар бораи зотпарварӣ» дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.