Ҳунарнамоии Меҳрнигори Рустам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар озмуни мусиқии "Rising Star” дар Ҳиндустон бо таронаи машҳури "Хатуба” аз филми ҳиндии "Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ кард. Дар бораи иштирокаш дар ин озмуни ӯ дар саҳифаи Инстаграми худаш маълумот додааст Ҳунарнамоии Меҳринигорро тариқи шабакаи телевизионии "Colors TV”-и Ҳинд даҳҳо миллион нафар тамошо карда, аз ҳунарнамоии Меҳрнигор […]

Asia-Plus

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар озмуни мусиқии "Rising Star” дар Ҳиндустон бо таронаи машҳури "Хатуба” аз филми ҳиндии "Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ кард. Дар бораи иштирокаш дар ин озмуни ӯ дар саҳифаи Инстаграми худаш маълумот додааст

Ҳунарнамоии Меҳринигорро тариқи шабакаи телевизионии "Colors TV”-и Ҳинд даҳҳо миллион нафар тамошо карда, аз ҳунарнамоии Меҳрнигор ҳам ҳайъати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндӣ ба ваҷд омаданд.

Адибаи Рустам, модари Меҳринигори Рустам ба сомонаи "Ахбор” гуфтааст, ки Меҳринигор алакай аз ду даври озмун гузашта, ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад.

«Ширкат дар ин озмуни муътабар дар Ҳиндустон, кишваре ки бо сатҳи баланди мусиқӣ ва таронаҳояш маъруф аст, барои Меҳринигор як имтиҳони хеле ҷиддӣ ва ҳам як мактаб аст, чунки ба ҳунари довталабон дар "Rising Star” дар баробари тамошобинон ҳамчунин ҳакамоне баҳо медиҳанд, ки шинохтатарин овозхонҳои Ҳиндустон дониста мешаванд», – изҳор доштааст модари овозхон.

Гуфта мешавад, Меҳринигори Рустам дар саҳнаи "Rising Star” нафақат таронаи "Хатуба”-ро хонд, балки бо забони ҳиндӣ бо ҳозирин суҳбат карда, бо забондониаш низ тамошобинонро боз ҳам ба ваҷди бештар овард.

"Rising Star” фарзияи ҳиндии як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюмашро тай мекунад. Ин сабқат дар Ҳиндустон бори аввал моҳи феврали соли 2017 оғоз ёфт ва асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ доир мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.