Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: аз яхбандӣ дар роҳҳо эҳтиёт шавед!

Asia-Plus

Бар асари боришоти шадид дар минтақахи кӯҳистони ҷумҳурӣ хатари тармафароиву сангреза вуҷуд дошта, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим вазъият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок аст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳли фавқулода, шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои Сангвор ва Лахш, ҳамчунин аз километри 54 то 72-уми […]

Бар асари боришоти шадид дар минтақахи кӯҳистони ҷумҳурӣ хатари тармафароиву сангреза вуҷуд дошта, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим вазъият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳли фавқулода, шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои Сангвор ва Лахш, ҳамчунин аз километри 54 то 72-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд ҳодисаҳои фаромадани тарма ва сангреза ба қайд гирифта шудааст.

Барои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти дахлдори Вазорати нақлиёт ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) тезникаи махсус сафарбар шудааст, ки ба корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғуланд. Ситодҳои бартараф кардани ҳолати фавқулода шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, рӯзи 15 феврал бар асари лағзиши тарма дар километри 69-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумита дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз қабати ғафси барф ҳафт нафарро берун кашида, ҷонашонро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҳафт нафар савори ду мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба манотиқи хавфнок, роҳҳои тармахезу сангрези куҳӣ худдорӣ варзанд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат масофаро ҷиддан риоя намоянд, суръатро боло набаранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.