Сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ аз оғози сол 3 фоиз қимат шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба андозаи 3 фоиз боло рафт. Сабикаи 5-грамма имрӯз каме бештар аз 2 ҳазору 70 сомонӣ нарх дорад.

Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 21 феврали соли равон нархи сабикаи тиллои 5-граммӣ дар ҳаҷми 2070, 10 сомонӣ ва нархи фурӯш – 2049,40 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар оғози сол Бонки миллӣ сабикахои дорои чунин вазнро бо арзиши 2010,55 сомонӣ фурӯхта, бо нархи 1990,44 сомонӣ мехарид.

Ҳамин тариқ, аз оғози соли ҷорӣ арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ ба андозаи 2,9 фоиз боло рафтааст.

Ба ҷуз сабикаҳои 5-граммӣ Бонки миллӣ ҳамчунин сабикахои тиллои вазнашон 10, 20, 50 ва 100-граммиро низ мефурӯшад. Нархи фурӯши сабикаи 10-граммӣ аз 1 январ то имрӯз 3 фоиз афзуда, сабикаҳои вазнашон 20, 50 ва 100 граммӣ – 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Бонки миллӣ сабикаҳои тиллоиро ба муомилоти озодона баровард. Арзиши фурӯш ва харидории сабикаҳо ҳамарӯза бо пули миллӣ муқаррар мешавад.

Нархи 1 грамми тилло дар сабика ба вазни умумии он вобастагии зиёд дорад. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.