Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Қатораи нахустини мусофирбари хатсайри Кӯлоб – Маскав тариқи гузаргоҳи «Хошади» (Амузанг) дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон мегузарад. Роҳ то ин гузаргоҳ барқарору таъмир ва санаи 1 март ба истифода дода шуд;

– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 доир мегардад. Оғоз соати 18:00;

– Дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад;

– Дар намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ (ITB) дар Берлин, ки аз 7 то 11 март доир мегардад, гӯшаи Тоҷикистон дар шакли қаср бо дарҳои кушода барои меҳмонон амал мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8263 сомонӣ;

1 евро – 10.9428 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1567 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1876 — Александр Белл барои ихтирои телефон патент гирифт.

1904 – Зодрӯзи наворбардор ва коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Василий Кузин.

1922 – Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Зулфия Баҳриддинова.

1938 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов.

1952 – Мавлуди арбоби давлатӣ Назарбегим Муборакшоева, аз соли 2000 то соли 2004 – муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +4+9; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +18+20.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...