Баррасии масоили шаффофияти низоми идоракунии молияи давлатӣ

Иттилоияи расмӣ

Дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки маблағгузораш Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошад,  санаи 15 март дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академӣ дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронс баргузор мегардад.

Шарикони асосии барномаи мазкур Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошанд.

Мақсади баргузории конфронс – муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи истифодаи молияи давлатӣ ва нақши таҳлилгарон дар соҳаи мазкур мебошад.

Дар ҷараёни конфронс тадқиқотҳое, ки аз тарафи таҳлилгарони ҷавони соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ гузаронида шудаанд, аз қабили: арзёбии самаранокии хароҷоти буҷет дар хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ; таҷрибаи нави таъину пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва мушкилот; таҳлил ва арзёбии самаранокии хароҷоти  таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе; маблағгузории давлатӣ ба комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон; зарурати воридсозии маблағгузории ба натиҷанигаронидашуда барои баланд бардоштани самаранокии ҳимояи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар мақолаҳо баррасӣ мешаванд. 

Ҳамзамон дар доираи конфронс ба иштирокчиён таҷрибаи гузарондани муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар водии Рашт,   натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти “Арзёбии эҳтиёҷот, манфиатҳо ва мушкилоти ҷомеа дар дарёфти маълумот оид ба молия ва буҷет” ва нақшаи фаъолиятҳо барои беҳтар намудани шаффофияти буҷет дар минтақаҳо дастрас карда мешавад.

Инчунин дар кори конфоронс таҳлилгарон аз кишварҳои Латвия, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд, ки масъалаҳои рушди таҳлилгарӣ дар самтҳои молия ва иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ДММ мавриди баҳс қарор мегирад.      

Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахши шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва ҳамзамон аз ҷумлаи яке аз Бунёдҳои миллии сершуморест, ки ба шабакаи Институтҳои “Ҷамъияти Кушода” шомил мешаванд. Рисолати стратегии Бунёд мусоидат ба рушди равандҳои демократӣ ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...