Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маскав аз 15 то 18 март таҳти унвони «Дни Навруза на Старом Арбате» (Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадимӣ) иди умумишаҳрӣ баргузор мешавад. Макони баргузорӣ: Москва, кӯч. Арбат, 24. Маросими ифтитоҳи расмӣ – 15 март соати 18:30 (бо вақти Маскав)    

– Дар меҳмонхонаи «Шератон» дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронс баргузор мегардад;

– Дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи М.Бафоев дар 2 саҳна «Шайхурраси Абӯ Алӣ ибни Сино» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00;

– Дар меҳмонхонаи Hyatt Regence дар Душанба Ҳафтаи мӯди Tajikistan Fashion Week бо муаррифии сарулибоси мавсими баҳору тобистон идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8269 сомонӣ;

1 евро – 10.9330 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1552 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолгарон.

1925 – Таъсиси газетаи «Иди тоҷик» (феълан «Ҷумҳурият»).

2001 – Сертификатҳои нахустини депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн. сомонӣ нашр шуд.

2009 — Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Анқара бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба истифода дода шуд.

1937 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод.

1938 – Мавлуди академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов.

1951 – Зодрӯзи нависанда Убайдуллоҳи Ширин.

1953 – Мавлуди журналист (сардабири рӯзномаи парламентии «Садои мардум») Бобоҷон Абдулвоҳидов.

1959 – Зодрӯзи собиқ вазири маорифи ҶТ, феълан ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ, собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов.

1959 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов.

1961 — Зодрӯзи журналист Амрихудо Низом.

1965 – Мавлуди раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барфва туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳ борону барфва туман дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...