Таъхири гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия

Пайрав Чоршанбиев

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия вазъи марбут ба парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистонро танҳо баъди ҷашни Наврӯз баррасӣ карданианд.

Вазорати нақлиёти Русия ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидҳо санаи 22 март дар Маскав гузаронида шаванд.

«Тоҷикистон ба ин гуфтушунид омода буда, аммо дархост кард, ки вохӯрӣ ба ҳафтаи охири моҳи март мавқуф гузошта шавад, зеро ҳафтаи ояндаи дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта шуда, санаи пешниҳоднамудаи Русия барои гуфтушунид ба рӯзи истироҳат рост меояд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Дар робита ба мушкилот атрофи парвозҳои ширкати русиягии «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон, манбаъ зикр кард, ки ин ширкат иҷозатнома (шакли «Р») барои иҷрои парвозҳои мунтазамро аз шаҳрҳои зикршудаи Вазорати нақлиёти Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон надорад ва чнин иҷозатнома ба ин ширкат дода нашудааст.

«Анҷоми парвозҳои мазкур хилофи шартҳои баробар муқарраршуда миёни кишварҳо мебошад, яъне ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо парвоз иҷро намекунанд», – илова кард сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Вазорати нақлиёти Русия дар робита ба аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудани иҷозатнома барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон ба ширкати «Уралские авиалинии» нигаронӣ изҳор намуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.