«Рахш Такси» яке аз аввалинҳо шуда ба хоки Ӯзбекистон ворид шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон баъди солҳои тӯлонӣ имрӯз тавонистанд бераводид ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд. Ронандагони ширкати «Рахш Такси» ва намояндагони ширкати «Скай тур» аз аввалинҳо буданд, ки ба ин васила сарҳадро гузаштанд. Тавре дар варақаи матбуотии ширкат қайд мешавад, имрӯз санаест, ки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон кайҳо интизораш буданд. «Имрӯз мо метавонем бигӯем, ки «Салом Бухоро!, Салом […]

Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон баъди солҳои тӯлонӣ имрӯз тавонистанд бераводид ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд. Ронандагони ширкати «Рахш Такси» ва намояндагони ширкати «Скай тур» аз аввалинҳо буданд, ки ба ин васила сарҳадро гузаштанд.

Тавре дар варақаи матбуотии ширкат қайд мешавад, имрӯз санаест, ки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон кайҳо интизораш буданд.

«Имрӯз мо метавонем бигӯем, ки «Салом Бухоро!, Салом Самарқанд! ва бародару хоҳар, модарону падарон, набера, ба а сурати умум ҳамаи наздикони худро ба оғӯш гирем. Акнун ба тамошои мақбараи Сомониҳо дар Бухорои муқаддас, осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанди садафманд ва боз чандин ҷойҳои ниҳоят зебо имкон дорем. Боз таъми оши палаву самбӯсаи ӯзбекиро чашида, аз бозору фурӯшгоҳҳои зиёди ҳамсоякишвар боздид карда метавонем, яъне пок кардани марзҳо ҳам ба маънии асливу ҳам маҷозӣ», – гуфта мешавад дар варақаи матбуотии ширкати «Рахш Такси».

Ба туфайли мусоидати ширкати нақлиётии «Рахш Такси» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» ба ҳайати сафаркунандагон ба Ӯзбекистон рӯзноманигорону операторҳо, блогернависон ва мизоҷони доимии ширкатҳо низ ҳузур доштанд.

«Нахустин сафари сайёҳӣ ба Ӯзбекистон дар соли равон, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст, хеле муҳим аст, – омадааст дар хабар. – Ба туфайли иродаи сиёсии Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, акнун мардумони бародару дӯсти кишварҳо Наврӯзро бо ҳамдигар, сари хони дӯстӣ ҷашн мегиранд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.