Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мамнуъгоҳи Хуталон

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар аз мамнуъгоҳи «Хуталон» боздид ва бо вазъи имрӯзаи он аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоҳати заминҳои мамнуъгоҳ 6 ҳазор гектарро ташкил дода, дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад.

Зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, говазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар мамнуъгоҳи “Хуталон” беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин ҳайвони нодир имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Россия ворид карда шуда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди мамнуъгоҳ сар доданд.

Ҳоло дар ин мавзеъ гавазни бухорӣ, оҳуи холдор, муфлон ва дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд ва шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯй ба афзоиш овардааст.  

Тавре маълум гардид, дар мамнуъгоҳи “Хуталон” ба ғайр аз ҳайвоноти нодир парвариши паррандаҳои нодир низ ба роҳ монда мешавад. Соли 2017 мурғи фазан, ё ин ки тазарв низ аз Чехия ба ҷумҳурӣ оварда шуд ва аз руи маълумоти мутахассисон баъди парвариш ва афзоиш танҳо дар соли 2018 беш аз 1200 сар парандаи фазан дар мамнуъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуданд. Мурғи тазарв низ аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар мамнуъгоҳи “Хуталон” ҳамчунин 90 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи корӣ доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...