Маҳдудиятҳо дар парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Русия

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, ки дар асоси барқияи Росавиатсия аз 31-уми марти соли 2018 иҷрои парвозҳоро ба як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд.

Дар иттилоияи расмии ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита қайд мешавад, ки Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2-юми апрели соли 2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, Душанбе – Иркутск – Душанбе, Душанбе – Қазон -Душанбе, Душанбе – Краснодар – Душанбе, Душанбе – Красноярск – Душанбе, Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, Душанбе – Сочи – Душанбе, Хуҷанд – Қазон – Хуҷанд ва Хуҷанд – Санкт-Петербург – Хуҷандро манъ менамояд.

Гуфта мешавад, муҳлати амали иҷозатнома барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

«Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо иҷро мегарданд», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки айни замон мутахассисони маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофиронро аз манъи хатсайрҳои номбаршуда огоҳ месозанд. Маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маълумот оид ба иҷрои хатсайрҳои манъшуда иловатан пешниҳод хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-40, 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 муроҷиат намоянд.

Дар анҷом ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз кулли мусофирон барои нороҳатии бамиёномада маъзарат хостааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...