Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8142 сомонӣ;

1 евро – 10.8794 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1535 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Сталинобод корхонаи коркарди чӯб ба тавлиди маҳсулот оғоз намуд.

1931 — Маркази давлатии бойгонии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2007 — Бо қарори ҳукумати ҶТ Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТадАЗ) ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» табдили ном кард.

1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои геологӣ-минералогӣ, профессор Далер Почоҷонов.

1940 – Мавлуди профессор, доктори улуми физика ва математика Темур Собиров.

1947 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, доирадаст Исҳоқ Гулкоров.

1950 – Мавлуди журналист Садриддин Ҳасанзода.

1956 – Зодрӯзи шоир Абдусамеъ Қуддус.

1961 – Мавлуди овозхон Саъдӣ Қаландар.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва раъду барқ дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +17+19.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...