Манъи қариб ҳамаи парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Маскав

Русия ба пешниҳодаш дар мавриди баргузории гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон посухи расмӣ нагирифта, аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба шаҳрҳои Русияро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии Somon Air ва Tajik Air дода буд, бозхонд мекунад, хабар медиҳад РИА-Новости бо истинод ба мақомоти авиатсионии ин кишвар. «Аз 5 апрел Русия иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба Somon Air и […]

Русия ба пешниҳодаш дар мавриди баргузории гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон посухи расмӣ нагирифта, аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба шаҳрҳои Русияро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии Somon Air ва Tajik Air дода буд, бозхонд мекунад, хабар медиҳад РИА-Новости бо истинод ба мақомоти авиатсионии ин кишвар.

«Аз 5 апрел Русия иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба Somon Air и Tajik Air барои парвоз ба самтҳои Новосибирск – Душанбе ва Новосибирск – Хуҷанд, ҳамчунин панҷ парвози ширкати Tajik Air ва чор парвози ширкати Somon Air бо хатсайри Маскав – Душанберо манъ мекунад», – гуфтааст манбаи хабаргузорӣ.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" бозхонд кард, ки ба 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо дахл хоҳад дошт.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия аз 30 март дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.

Аз ҷумла, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе – аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд – аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд карданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз ҳайати Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор мешавад, то ки бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада гуфтушунид гузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ низ шомиланд.

Айни замон дар фурӯшгоҳҳои билети ҳавопаймоии Тоҷикистон ба мусофирон тариқи транзит дар Алмаато сафар ба Русияро пешниҳод мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.