Эмомалӣ Раҳмон президенти Мисрро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба муносибати пирӯзӣ  дар интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи нави фаъолият  кишварҳои Тоҷикистону Миср муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба муносибати пирӯзӣ  дар интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи нави фаъолият  кишварҳои Тоҷикистону Миср муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи байналмилалӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳояшон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, илму маорифу фарҳанг ва мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, идомаи самарабахш хоҳанд дод.

«Бо истифода аз фурсати нек ва таъкиди омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои саъю талошҳои муштарак дар ҷодаи таъмиқу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср муҷаддадан менамоям», – омадааст дар барқия.

Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, дар маъракаи интихоботи президенти Миср ба ҷонибдории сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ  97% ё худ 21 млн. 835 ҳазору 387 интихобкунандагон овоз доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.