Талаботи муосир ба ВАО: мардум тамошо тақозо дорад!

Сайфиддин Қараев,Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», шабакаи радиои «Садои Душанбе», газетаи «Оила», Viber ва IMO писандидатарин расонаҳо миёни аҳолии кишвар аст.

Аҳолии Тоҷикистон ба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар телевизион ва радиои ватанӣ, маводи фароғативу маърифатӣ дар нашрияҳо ва саргармиву дилхушӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзалият медиҳад, чунин аст хулосаи таҳқиқоти лоиҳаи муштарки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ТҶ «Медиа консалтинг», ТҶ МТС «Зеркало», ки бо дастгирии Барномаи грантҳои хурди комиссияи рушди демократияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон анҷом пазируфтааст.

«Муддати даҳсолаҳо нашриёти чопӣ, телевизиону радио ВАО-и маъмулӣ маҳсуб меёфтанд, – қайд кард директори ТҶ «Медиа консалтинг» Набӣ Юсупов. – Вале солҳои охир навъҳои тозаи ВАО – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо рӯйи кор омаданд. Паҳншавии густардаи онҳо инқилоби технологӣ дар интиқоли маълумот ба амал овард. Яе аз ҳадафҳои таҳқиқоти мо муайян кардани гузаштани аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои нав шуморида мешавад».

Дар назарсанҷӣ беш аз 2 ҳазор нафар аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзида, натиҷаҳои кор дар нашрияи ҷудогона чоп шудааст.

«Таҳқиқот устувории гузаштани аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои навро нишон дод. Ин пеш аз ҳама, ба рӯйи кор омадани интернет марбут аст. Ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонони кишвар пешоҳанги ин раванд мебошанд, вале онҳо интернетро асосан барои суҳбат ва дилхушӣ истифода мекунанд. Имконоти ВАО-и Тоҷикистон дар мессенҷерҳо алҳол истифоданашуда боқӣ мемонад», – иброз дошт директори Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода.

Натиҷаҳои таҳқиқот бозгӯи онанд, ки 94% аз пурсидашудагон тамошобинони барномаҳои телевизион мебошанд Аксарияти онҳо тариқи антеннаҳои хонагӣ (48,8%) ва моҳвораӣ (48,7%) барномаҳои телевизионро қабул мекунанд.

Ба тоҷикистониён бештар тамошои барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ (47,9%) ва хабарҳо (37,8%) писанд аст. Дар рейтинги тамошои шабакаҳои телевизионии марказӣ телевизиони «Сафина» устуворона (60,1%) пешсаф аст.

Шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро – 65%-и пурсидашудагон маъқул дониста, дар идома шабакаҳои телевизиони Русия – 18,3% ва Ӯзбекистон – 9,7% қарор доранд.

Радиоро 49,7%-и пурсидашудагон гӯш мекунанд, дар садри рейтинг радиои «Садои Душанбе» қарор дорад. Миёни нашрияҳои мустақил ҳафтаномаи «Оила» ва байни рӯзномаҳои давлатӣ – «Ҷумҳурият» зинаи аввалро ишғол мекунанд.

Дар байни расонаҳои интернетӣ дар шабакаи ВАО-и маъмулӣ Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» пешсафиро аз даст намедиҳад.

Мессенҷерҳои писандидатарин Viber ва IMO дониста шудаанд.

Муаллифони таҳқиқот ҳамчунин хулоса ва тавсияҳоро низ нашр кардаанд, ки моликони ВАО ва мақомоти давлатӣ метавонанд аз онҳо истифода кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...