Муколамаи интерактивии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзҳои 4-7 май дар Душанбе баррасии расмии гузориши миллӣ дар Кумитаи зидди шиканҷа сурат мегирад.

Пахши онлайнии муколамаи интерактивии ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба амалинамоии уҳдадориҳои худ дар мавриди Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо рӯзи 4-уми май дар «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад.

Ҳангоми муколамаи интерактивӣ ҳайати давлатӣ бо гузориш оид ба пешрафти кишвар дар амалинамоии стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа баромад мекунад, ба саволҳои аъзои Кумитаи зидди шиканҷа посух медиҳад. Кумитаи зидди шиканҷа тавсияҳои ниҳоии худро ба Тоҷикистон барои панҷ соли наздик ироа медорад.

Ҳайати давлатиро Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат инчунин Сатторзода Абдуҷаббор – сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Аламшо Аламшозода – муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Илҳом Маҳмудзода – муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Саида Умарзода – муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин нозири мустақил Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дохил мешаванд.

Тоҷикистон аз соли 1995 узви Конвенсия ба ҳисоб меравад. Моҳи ноябри соли 2016 Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориши сеюми даврӣ оид ба рафти тадбиқи Конвенсияро пешниҳод намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...